Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи додситони кулл дар мавриди Р. Зойиров


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар посух ба дархости раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров А. дар бораи расидагӣ ба таъсиси Комиссиюни вижа аз сӯи Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст, баҳсҳои ҳизбҳои Сотсиалистӣ ва Демократӣ кори сирф дохилии ин ҳизбҳост ва додситонӣ бе розигии онҳо ба ин баҳсҳо дахолат нахоҳад кард.

Дар ҷавобияи додситони кул омадааст, ки Раҳматулло Зойиров ҳамчун раиси комиссиюни мазкур қаблан аз додситонии кулл тақозо кардааст, ки ин ниҳод назари рамии худро дар мавриди муноқишаҳо байни ҳизбҳои Сотсиалистӣ ва Демократӣ баён кунад.

Додситони кулл дар ҷавоб ба мактуби раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфтааст, ки Комиссиюни вижаи аз сӯи Раҳматулло Зойиров таъсисшуда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном нашудааст ва барои ҳалли масоил ваколате надорад.

XS
SM
MD
LG