Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо талошҳояшро барои сохтмони Набукко меафзояд


Як мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ин иттиҳодия кушишҳои худро бештар хоҳад кард, то лулаи гози Набукко сохта шавад. Ин лула хориҷ аз қаламрави Руссия захоири ғании гози Осиёи Марказиро ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ интиқол хоҳад дод. Пиэр Морел-фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҷанги моҳи августи Руссияву Гурҷистон бори дигар зарурати эҳдоси ҳар чӣ зудтари ин лаларо собит сохт. Аз сохтмони лулаи гози Набукко ҳам Аврупо ва ҳам Амрико ҷонибдорӣ мекунанд ва дар сурати баҳрабардорӣ аз ин лула Аврупо аз пойбандӣ ба энержии Руссия то андозае раҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG