Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи ним тонна мухаддирот аз як нафар


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кашфу мусодираи беш аз ним тонна маводди мухаддир дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд иттилоъ дод.

Сухангӯи ҳамин вазорат Маҳмадуллоҳ Асадуллоев гуфт, ки дар соли равон чунин миқдори зиёди мухаддирот аз тарафи кормандони вазорат мусодира шудааст.

Ба қавли ӯ, аз миқдори умумии 530 килограмм маводди мухаддири мусодирашуда 27, 7 килограмм ҳероин будааст.

Дар ҳамин ҳол, Шогун Бердов, корманди шуъбаи кофтукоби ҷиноятии вазорати умури дохила дар Бадахшон, ба хабарнигори родиюи Озодӣ гуфт, ки ин теъдоди маводди мухаддир аз сокини шаҳри Хоруғ бо номи Тоҳир ёфт шудааст.
XS
SM
MD
LG