Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳинд ба Покистон посухи шадидлаҳне хоҳад дод"


Ҳизби ҳокими Ҳинд гуфт, ки дар паи ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта ба Мумбай, ки боиси кушта шудани беш аз 170 нафар шудааст, зидди Покистон "тадбирҳои шадид" андешида хоҳад шуд. Ҷаянтӣ Натараҷан, сухангӯи Ҳизби конгресси Ҳинд гуфт, ки ҳама гуна посух ба он амалҳо боэҳтиёти тамом андешида хоҳад шуд, аммо зарурате барои "ирсоли як пайғоми шадидлаҳне" ба Покистон ҳатман зарур аст. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс аз Исломобод хост бо Деҳлии Нав ҳамкории ҳамаҷониба ва шаффофро барои таҳқиқи таркишҳои ҳафтае пеш ба роҳ монад. Ҳинд гуфт, ки ҳамаи ҷангиҳо аз Покистон омада буданд ва бовар меравад, ки аъзои гурӯҳи ҷангии "Лашкари таъиба" мебошанд.

XS
SM
MD
LG