Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба аёдати Фидел Кастро рафт


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздид аз кишварҳои Амрикои Лотин ба аёдати Фидел Кастро-собиқ раҳбари Кубо рафт. Дар як пора навори видюӣ, ки дар сомонаи Кохи Кремл гузошта шудааст, оқои Медведев гуфтааст, вай бо Фидел Кастро суҳбати хеле ҷолиб доштааст. Медведев пешниҳод кардааст, ки ҷаҳониён дар шароити имруза барои мубориза бо мушкилоти кунунӣ бояд аз таҷрубаи шахсиятҳои собиқадори сиёсӣ истифода кунанд:


"Ин сиёсатмадорест, ки ҳамакнун 50 сол яке аз сиёсатмадорони калидии Амрикои Лотин мебошад, одамест, ки руйдодҳои хеле гуногунро аз сар гузаронидааст. Вақте, ки мо тасмиме мегирем, мо бояд аз таҷрубаи инсоне истифода кунем, ки даҳҳо сол таҷруба дорад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки мо аз бӯҳронҳои сиёсӣ низ пешгирӣ кунем ва пайомадҳои буҳрони сартосарӣ, аз қабили буҳрони молиро ба ҳадди ақал бирасонем".

Раиси ҷумҳури Русия аз Кубо, Венесуэло, Перу ва Бразил боздид кард. Ҳадафи ин боздид густариши нуфузи Русия дар Амрикои Лотин аст.

XS
SM
MD
LG