Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Амрико Медведевро хушнуд кард


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз тасмими Амрико истиқбол кард, ки гуфтааст, дар нишасти қарибулвуқӯъи НАТО барои пазируфтани Гурҷистону Укроин ба ҳайси номзад ба узвият дар ин созмон талош пофишорӣ нахоҳад кард. Зимни боздид аз пойтахти Куба шаҳри Ҳавана Дмитрий Медведев гуфтааст, қаноатманд аст, ки “ҳусни тафоҳум” ғолиб омад. Аз ин пештар дар аввали ҳафта Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико ишора кард, ки дар нишасти ҳафтаи ояндаи Паймони Атлантики Шимолӣ пофишорӣ нахоҳад кард, то Гурҷистону Укроинро ба барномаи узвият ба НАТО бипазиранд.

XS
SM
MD
LG