Пайвандҳои дастрасӣ

Зойиров аҳзоби пошидаро ба ҳам овардан мехоҳад


Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳизб бо таъсиси як Кумиссиюни вижа мехоҳад ҳизбҳои аз ҳам пошида - ҳизбҳои демократӣ ва сотсиалистиро, ки ба ҷиноҳҳои мухолиф тақсим шудаанд, дубора муттаҳид созад.

Оқои Зойиров афзуд, дар ҳоли ҳозир аъзои Кумиссиюн бо масъулони ҷиноҳҳои мухталифи ин ду ҳизб музокиротро шурӯъ намуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои мутаҳид кардани ҷонибҳо талош доранд. Оқои Зойиров ҳадаф аз муттаҳид сохтани аҳзоби ба ҷиноҳҳо тақсимшударо дастёбӣ ба ҳузури бештари аҳзоб дар баробари ҳизби ҳокими халқи демократӣ дар интихоботи ояндаи порлумони Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, коршиноосн мегӯянд, агар ҳизбҳои аз ҳампошидаи демократӣ ва сотсиалистӣ муттаҳид нашаванд, эҳтимоли омадани сарнавишти онҳо ба сари ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократи Тоҷикистон ногузир аст.

Ин дар ҳолест, ки давоми се соли гузашта, ҳизбҳои демократӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон ба чанд ҷиноҳи мухталиф тақсим шуда ва дар пайи он вазорати адлияи кишвар ашхоси нав дар ин ду ҳизб - Масъуд Собировро ҳамчун раиси ҳизби демократии Тоҷикистон ва Абдуҳалим Ғаффоровро ба ҳайси раиси ҳизби сотсиалистӣ эътироф кардааст. Қаблан раисии Ҳизби демократи Тоҷикистонро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва рҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро Мирҳусейн Нарзиев шахсоне, ки мухолифи ҳукумат баромад мекарданд, ба зима доштанд.

Раҳматуло Зоиров гуфт, пешниҳоди таъсиси кумиссиюни вижа барои мутаҳид кардани ҳизбҳоро ба ҷуз ҷиноҳи Масъуд Собиров аз ҳизби демократи Тоҷикистон бақия гурӯҳҳои мухталиф пазируфтаанд.

Аммо Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд ҷонибдорӣ муттаҳид шудани ҳизби демократи Тоҷикистон аст, вале ба он далел, ин пешниҳодро намепазирад, ки ба эътиқодаш, оқои Зойировро барои аз ҳам пошидани ҳизби демократӣ муҷрим аст. Вай гуфт, маҳз Раҳматулло Зойиров бо ворид намудани як аъзои ҳизбаш ба сафи ҳизби демократии Тоҷиккистон мехост, ӯро дар маснади раисии он ҳизб нишонад ва он ҳизбро ҳизби худӣ кунад.

Коршиносон баронананд, ки лоиҳаи оқои Зоиров дар ҳоли ҳозир барои муттаҳид кардани ҳизбҳои порашуда самараи мусбӣ дар пай надорад. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, дар сари ҷиноҳхои мухолифи ҳизбҳо нафароне ҳастанд, ки ғояҳои ба ҳам мухолиф доранд, ва ин омил намегузорад, ҷиноҳҳои бо ҳам муқобил ба ҳам оянд.

Коршиносон мегӯянд, то замоне, сарони ҷиноҳҳои ҳизбҳои аз ҳампошидаи Тоҷикистон дар сар андешаҳои муқобил доранд, муттаҳидӣ дар ин ҳизбҳо пайдо нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG