Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведев бо Раул Кастро


Президенти Русия, Дмитрий Медведев дар Ҳавана, пойтахти Куба бо президенти Куба Раул Кастро мулоқот кард. Телевизиони давлатии Куба мегӯяд, ду раҳбар дар бобати аҳамияти эҳёи робитаҳо изҳори ҳамназарӣ карданд. Эҳтимол меравад, Медведев ҳамчунин бо президенти собиқ ва ҳоло бемори ин кишвар Фидел Кастро низ мулоқот хоҳад кард. Ҳайатҳои Куба ва Русия тасмим гирифтанд, ҳамкориро дар ришати эенержӣ машварат кунанд. Аз соли 2000 ба ин тарафи ин нахустин сафари раҳбари Русия ба Кубо мебошад.
XS
SM
MD
LG