Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти нав дар мавриди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Ба гуфтаи Анна Ставитская, вакили ҳуқуқии раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, дар мусоҳиба ба сомонаи интернетии Фергана.ру гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон иқрор кардаанд, ки Искандаровро ба онҳо тарафи Русия таслим додааст. Вакил мегӯяд, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба нотаи Кумиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон навиштааст, "айбдоршаванда Искандаров М. расман аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи қонуни Федерсиюни Русия ба тарафи Тоҷикистон супурда ва дар 17-уми апрели соли 2005 ба боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати амнияти Тоҷикистон ворид карда шуд." Ставитская гуфтааст, ин санад аз таърихи 24-уми ноябри соли 2005 буда, танҳо ҳоло дастраси вакилони Искандаров шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки, меафзояд Ставитская, мақомоти Русия ҳама гуна даст доштан дар истирдоди Искандаровро рад мекарданд. Аммо хонуми Ставитская сабаби чунин таъхир дар ифшои санади навро шарҳ надодааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG