Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ТАЛКО ва "Ансол" бо муомила поён ёфтааст


Бино ба гузоришҳо, баҳси додгоҳии миёни ТАЛКО, ширкати давлатии алюминсозии Тоҷикистон ва ширкати “Ансол” дар додгоҳи Лондон бо муомилаи тарафайн ба поён расидааст. Ҷузъиёти муомилаи ҳосилшуда миёни ду ширкате, ки соли чорум аст, дар додгоҳҳои Бритониё алайҳи ҳамдигар набард мекарданд, ифшо нашудааст. Ширкати “Ансол” ба соҳибкори фирорӣ Аваз Назаров тааллуқ дошта, дар гузашта ҳамкори асосии ТАЛКО маҳсуб мешуд. Даъвоҳои додгоҳии ширкати ТАЛКО бо “Ансол” ва ширкатҳои дигари муддаӣ аз пурҳазинатарин даъвоҳо дар таърихи додгоҳҳои Бритониё маҳсуб шуда, бино ба хабарҳо, ҳаққи ширкати ҳуқуқии “Ҳерберт Смиф”, ки аз ТАЛКО ҳимоят мекунад, ҳудуди 90 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG