Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овоздиҳии созиши амниятии Ироқ бо ИМА


Имрӯз Маҷлиси қонунгузори Ироқ созиши амниятии ин кишвар бо ИМА-ро мавриди овоздиҳӣ қарор медиҳад. Бар пояи ин санад 150 000 низомиёни амрикоӣ ҳақ хоҳанд ёфт, ки то охири соли 2011-ум дар Ироқ боқӣ монанд. Баъди як моҳи музокирот Вашингтон шартҳои ироқиҳоро пазируфт. Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ мегӯяд, созиш беҳтарин умеди Ироқ барои эҳёи соҳибихтиёрӣ ва ҷилавгирӣ аз хушунати мазҳабӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG