Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс дар мақомаш боқӣ мемонад


Ба маълумоти хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Амрико, Барак Обама, мехоҳад Роберт Гейтс дар мақоми вазири дифоъи Амрико дар ҳукумати Обама боқӣ бимонад. Расонаҳо ба нақл аз манобеъи наздик ба Обама гуфтаанд, Гейтс ҳаддиақал дар давоми як соли аввали кори ҳукумати нав дар мақоми вазири дифоъи Амрико боқӣ хоҳад монд. Гейтс ду сол пеш ба ин мақом таъин шуд ва ҳамчунин ба тағйири амалкардҳои Амрико дар Ироқ роҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG