Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории НАТО ба афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон


Фармондеҳи нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ дар Аврупо, генерал Ҷон Краддок изҳори умедворӣ кард, ки афзудани нерӯҳои Амрико дар Афғонистон сабаб мегардад, ки кишварҳои дигари НАТО низ ба Афғонистон нерӯи бештар фиристанд. Дар нишасти хабарӣ дар Белгия, Краддок иқрор кард, ки муқовимати толибҳо ҳарчи шадидтар мешавад. Нерӯҳои байнулмилал дар Афғонистон ҳоло аз 65 000 сарбоз иборатанд, ки 32 000 нафари онҳоро амрикоиён ташкил мекунанд. Иёлоти Муттаҳида ҳадаф дорад, то поёни моҳи январ ба таври илова 8500 сарбози дигарро ба Афғонистон равон кунад. Президенти тозаинтихоби Амрико, Барак Обама хостори афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG