Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни солгарди инқилоби садбаргӣ дар Гурҷистон


Имрӯз Гурҷистон панҷумин солгарди инқилоби садбаргиро ҷашн мегирад. Эътирозҳои моҳи ноябри соли 2003-ум он замон президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзеро барканор намуда, раҳбари имрӯзаи ин ҷумҳурӣ Михеил Саакашвилиро сари қудрат овардаанд.

Ҷашни имсола дар ҳоле сурат мегирад, ки Гурҷистон паёмади юриши моҳи августи Русия ба хоки ин кишварро рафъ менамояд.

Мухолифин раҳпаймоиҳо ташкил намуда, талаб доранд, ки Саакашвилӣ ба истеъфо равад.

Вале рӯзи шанбе дар паёми телевизионӣ Саакашвилӣ мардуми Гурҷистонро ба ваҳдат дар муқобили таҳдиди ба истилоҳ "пурхатари" Русия даъват кард.

Дар арафаи таҷлили инқилоби садбаргӣ президенти ИМА Ҷорҷ Буш изҳороте пахш намуда, бори дигар таъкид кард, ки кишвараш аз Гурҷистон пуштибонӣ мекунад.

Ӯ гуфт, инқилоби садбаргӣ собит кард, ки вақте мардум интихоб доранд, онҳо озодиро ихтиёр менамоянд.

Ба қавли раисҷумҳури ИМА кишвараш ҳамоно аз демократия, истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG