Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои тӯи арӯсӣ дар Парвони Афғонистон


Дар Афғонистон афроди номаълум маросими тӯи арӯсиро норинҷакборон намуда, 8 касро ба қатл расонданд. Дар ин ҳамла ҳамчунон 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мансабдорони афғон мегӯянд, ҳамла рӯзи ҷумъа дар вилояти шимолии Парвон ба вуқӯъ пайваст. Дар байни қурбониҳо кӯдакон зиёданд. То ҳол дақиқ нашудааст, ки ҳамла бо ошӯбҳои Толибон иртиботе дорад ё не?

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай муҷозоти масъулони ҳамла болои тӯи арӯсиро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG