Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешбиниҳои тираи кашшофони Амрико то соли 2025


Коршиносони иктишофӣ ва амниятии Иёлоти Муттаҳида дар як гузориш гуфтаанд, ҷаҳон дар 20 соли оянда бо сабаби фаровонии аслиҳа ва камбуди ғизо ба маротиб хатарноктар мешавад. Дар гузориши "Тамоюлҳои ҷаҳонӣ то соли 2025", ки Шӯрои миллии иктишофии Амрико омода кардааст, гуфта мешавад, ки бо сабабҳои гуногун ва аз ҷумла рушди Ҳинду Чин, ҷаҳон бисёрқутбӣ шуда, нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Амрико коҳиш меёбад. Муаллифон мегӯянд, таъсири Индунезӣ, Эрон ва Туркия низ зиёд мегардад, аммо сарнавишти Русия барои ҳама гуна пешбинӣ бисёр норӯшан боқӣ мемонад. Парҳез аз нафт ҳамчун манбаъи энержӣ то соли 2025 тақвият мебинад, вале ин аз тағйири иқлим пешгирӣ намекунад ва гармоиши ҷаҳонӣ ба хушкӣ ва камбуди ғизо сабаб мегардад.
XS
SM
MD
LG