Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ҳайати мунсифаи додгоҳи Политковская


Ҳайати мунсифа ё додварони мардумӣ дар Додгоҳи низомии Русия гуфтаанд, онҳо сабаби дар паси дарҳои баста ҷараён гирифтани муҳокимаи марбут ба қатли Политковская нашудаанд. Дар як изҳорот, ки аз 20 додвар 19 нафари онҳо имзо кардаанд, гуфта мешавад, онҳо дархост накардаанд, ки ҳамаи наояндагони матбуот толорро тарк кунанд, балки танҳо наворбардорони телевизион аз толор хориҷ шаванд. Додгустари муҳокима қаблан гуфта буд, бо талаби ҳамин додварон муҳокима махфӣ ҷараён хоҳад гирифт. Анна Политковская, журналист ва мунаққиди Кремлин соли 2006 дар назди манзилаш кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG