Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба доди ширкатҳои мошинсоз хоҳад расид


Сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш мумкин аст, аз тарҳи мусолиҳаомез барои наҷоти се ширкати бузурги мошинсозии Амрико пуштибонӣ кунад. Ин ширкатҳо хостори воми фавқулодае баробар ба 25 миллиард доллар шудаанд. Конгресс ба додани ин қарз розӣ нашуд. Акнун ду узви сенат -- демократ Карл Левин аз Мичиган ва ҷумҳурихоҳ Кристофер Бонд аз Миссурӣ пешниҳод карданд, ки ин сармоя на аз 700 миллиарди барномаи наҷоти иқтисодиёт, балки аз хазинаи Вазорати энержӣ гирифта шавад. Сухангӯи Кохи Сафед, Дана Перино гуфт, Буш мехоҳад, пешниҳоди сенаторонро бодиққат омӯзад, аммо зоҳиран аз мӯҳтавои он пуштибонӣ хоҳад кард. Перино аз Конгресс хост, дар тасвиби чораҳо шитоб кунад.
XS
SM
MD
LG