Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар Кострома


Полиси Русия дар вилояти Кострома 20 шаҳрванди Тоҷикистонро барои нақзи қонуни муҳоҷират ва иқомати хориҷиён дар Русия боздошт кард. Аз онҳо танҳо як нафар санадҳои қонунӣ дошт, ки ӯро низ айбдор донистанд, зеро тибқи қонун сари вақт нагузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳаққи иқоматро лағв мекунад. Сухангӯи раёсати хадамоти муҳҷоират дар вилояти Кострома Ирина Яблокова мегӯяд, ин бор онҳое низ муҷозот хоҳанд шуд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ манзилҳои иҷора додаанд.
XS
SM
MD
LG