Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Аз бӯҳрони иқтисодӣ ҷилавгирӣ мекунем"


Нахуствазири Русия Владимир Путин имрӯз ваъда дод, ки ҳукумати вай ҳама тадбирҳои заруриро барои ҷилавгирӣ аз эҷоди бӯҳрони иқтисодии шабеҳи солҳои 1990-ум дар Русия ба роҳ хоҳад монд. Имрӯз дар ин замина вай дар анҷумани ҳизби "Русияи Воҳид" дар Маскав суханронӣ кард. Вай гуфт, ки Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз нузули қурби рубли русӣ, ҳама талоши заруриро дар самти захираи пули хориҷӣ ва тилло ба харҷ дода шудааст. Вай гуфт, ки Русия барои таъмини эътидоли макроиқтисодӣ захираҳои кофӣ дар ихтиёр дорад. Путин гуфт:

"Мо ҳама кореро, ки аз мо вобаста аст, анҷом медиҳем, то ин ки мушкилоти солҳои гузашта, шикастҳои солҳои гузашта дар кишвари мо дигар такрор нашавад. Мо ҳама кори аз мо вобастаро анҷом медиҳем, то ки пасандозҳои шаҳрвандони мо дар бонкҳо, амнияти пулҳое, ки аз ҳисобҳои хусусӣ барои бунёди манзилҳо ироа шудааст, ҳимоят шаванд, то ки дигар шокҳои иқтисодии солҳои 1991 ва 1998 такрор нашавад".

Путин афзуд, ки Русия ба Сандуқи байналмилалии пул як миллиард доллар маблағ ироа мекунад, то ки ба кишварҳои нодор дар муқобила бо бӯҳрони сартосарии молӣ кӯмак шавад.

XS
SM
MD
LG