Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Дмитрий Медведевро пазируфтанд


Вакилони мардумии Русия дар қироати дуввум тарҳи ислоҳи Қонуни Асосиро пазируфтанд, ки тамдиди даври раёсати ҷумҳур аз чаҳор то шаш солро пешбинӣ мекунад. Тарҳи мазкурро, ки раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст, боз намудани роҳ барои бозгашти нахуствазир Владимир Путин ба қудрат медонанд. Думаи давлатии Русия палатаи поёнии порлумон баъди қироати саввум бояд барои пазируфтани тарҳ раъй диҳад. Дар сурати қабули тарҳ, онро барои тасвиб ба Шӯрои Федератсия палатаи поёнии порлумон мефиристанд. Сипас аз се ду ҳиссаи раъйи маҷлисҳои минтақавии Русия зарур аст, то тарҳи ислоҳи Қонуни Асосӣ тасвиб шавад. Тарҳи мазкур ҳамчунин тамдиди ваколати порлумонро аз чаҳор то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG