Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Русияву Гурҷистон шурӯъ шуд


Намояндагони расмии Русия, Гурҷистон ва манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар шаҳри Женева доир ба вазъи амниятӣ ва паноҳандагон музокирот доранд. Русия ва Гурҷистон дар моҳи август бо ҳам ҷангиданд ва бахши гурҷии Радиои Озодӣ мегӯяд, танҳо гурӯҳҳои корӣ бо ҳам мулоқот мекунанд ва нишасти расмие доир намешавад. Ин мулоқот бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо баргузор сурат мегирад. Дар нишаст намояндагони Амрико низ ширкат доштаанд.


XS
SM
MD
LG