Пайвандҳои дастрасӣ

Боз қазияи кушторҳои дастаҷамъӣ баҳс мешавад


Имрӯз Додгоҳи Олии СММ муҳокимаи даъвои Хорватияро шурӯъ хоҳад кард. Хорватия Сербияро бо кушторҳои дастаҷамъӣ дар давраи ҷанги Хорватия, яъне ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта муттаҳам мекунад. Додгоҳи Байналмилалии Адолат даъвои Сербияро, ки мегуфт, ин додгоҳ ваколати муҳокимаи ин парвандаро надорад, напазируфт. Ин дуюмин баррасии парвандаи кушторҳои дастаҷамъӣ дар додгоҳи мазкур мебошад. Соли гузашта ҳамин гуна даъвои Босния арзёбӣ шуда буд. Додгоҳ ҳукм баровард, ки Сербия масъули куштори дастаҷамъии мусулмонони Босния намебошад, вале дар айни замон, ин ниҳоди СММ иброз дошт, ки мақомоти Белград барои ҷилавгирӣ аз хунрезии солҳои 1992-1995 иқдоми кофӣ пиёда накарданд.
XS
SM
MD
LG