Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини қирғиз дар Талас ҷамъ шудаанд


Имрӯз дар шаҳри шимолии Таласи Қирғизистон тахминан 500 узви созмонҳои мухолифи ҳукумати ин кишвар ҷамъ шуда, имкони импичмент ё худ барканорсозии президент Қурмонбек Боқиевро баҳс намуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки Маҷмаи Мардумӣ таҳти сарварии собиқ вакили мардумӣ ва собиқ додситони кулли Қирғизистон Азимбек Бекназаров таҳаввулоти Қирғизистон аз моҳи марти соли 2005-ум ба ин тараф, яъне аз замони сари қудрат омадани Қурмонбек Боқиевро арзёбӣ мекунад.

Ҷамъомад дар майдони варзишии Талас бо иҷозати мақомот доир шудааст. Вале раҳбарони мухолифин мегӯянд, ки мақомот имкон намедиҳанд, ки мардум аз гӯшаҳои мухталифи Қирғизистон бидуни мушкилӣ ба Талас оянд. Мақомот ин иддаоро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG