Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии мақоми аршади Эрон аз созиши Ироқу Амрико


Раиси додгустарии олии Эрон, Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ имрӯз аз шеваи кори ҳукумати Ироқ дар мавриди созишномаи амниятии Амрико ва Ироқ ситоиш кард. Ин ситоиш ғайриинтизор буд, зеро Эрон моҳҳои дароз қарордоди идомаи ҳузурири нерӯҳои Амрико дар Ироқро шадидан танқид мекард. Шоҳрӯдӣ созиши ахирро иқдоми хуб ва ба суди истиқлолияти Ироқ номидааст. Телевизиони давлатии Эрон дар шарҳи қарордод гуфт, меҳвари он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз минтақа мебошад.
XS
SM
MD
LG