Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Л. Буш ҳамла ба духтарҳои афғонро маҳкум кард


Лаура Буш, ҳамсари раиси ҷумҳурии ИМА ҳамлаи ахир ба духтарони мактабхони афғонро дар вилояти Қандаҳор маҳкум кардааст. Дар ҳодисаи рӯзи чоршанбе гурӯҳи номуайяне ба рӯи 15 духтари мактабхон моеи ишқор рехта фирор кардааст. Дар як изҳороти ҳамсари раиси ҷумҳурии Амрико ин ҳодисаро чун як ҳамлаи "ваҳшиёна ва шармовар" маҳкум мешавад. Дар таманниёнаш ба аҳли хонавода ва наздикони духтарони ҷароҳатдида Лаура Буш орзу кардааст, ки базудӣ паёмадҳои ин ҳамлаи бераҳмонаро паси сар кунанд. Изҳороти мазкур инчунин занону духтарони афғонро барои муҳаббаташон ба таҳсилу хониш ва талоши ширкат дар ҳаёти ҷамъиятии Афғонистон баъди суқути режими Толибон дар соли 2001 ситоиш мекунад.

XS
SM
MD
LG