Пайвандҳои дастрасӣ

Интерпол аз кишварҳои узви худ боздошт ва истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Раҳим Каримовро дархост кардааст.

Раҳим Каримов ё Хӯҷабек Раҳимович Каримов, маъруф ба лақаби "Хӯҷа-командир", барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштанаш дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 дар Тоҷикистон мавриди пайгард қарор гирифтааст.

Акс ва мушаххасоти Каримови 48-сола дар сомонаи интернетии Интерпол нашр шуда, гуфта мешавад, вай гумонбаршудаи ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ мебошад. Маркази миллии бюрои Интерпол дар Тоҷикистон дар шарҳи ин иттиҳомот мегӯяд, Каримов ба куштор ва ғоратгарӣ айбдор мешавад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар бераҳмии фавқулода нисбати аҳолии осоишта айбдор мекунанд. Ба навиштаи хабаргузории "Азия-Плюс"-и Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1998 Раҳим Каримов дар бинои порлумони кишвар боздошт ва ба маҳбас интиқол дода шуд. Он вақт ӯро расман дар қатли вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон Саидшо Шоев, бародари ӯ Cияршо ва вакили дигар Т. Шукуров айбдор карданд. Аммо пас аз чанде ӯ ба озодӣ баромад. Дертар дар манзилаш, дар ноҳияи Ғозималики вилояти Хатлон Каримов ҳадафи як суиқасди нофарҷом қарор гирифт, ки бар асари он бародараш ба ҳалокат расид.

Раҳим Каримов (акс аз сомонаи Интерпол)

Ин ҳодисаҳо дар ҳоле ба амал меомад, ки Раҳим Каримов ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон ва раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон буд. Тақрибан дар соли 1999 Каримов Тоҷикистонро тарк кард ва тибқи хабарҳо бо баъзе аз шариконаш дар Малайзия ба сар мебарад.

Тибқи иттилоъи сомонаи интернетии Интерпол собиқ сарвазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, мудири пешини корхонаи алюмин Абдуқодир Эрматов, раиси ширкати "Ансол" Аваз Назаров, хоҳари раиси ширкати мӯҳраи Сиёев – Ҷамила Ниёзова ва дигарон, ҷамъан 38 нафар аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ба дасти пайгарди байнулмилалӣ дода шудаанд.

Ҳарчанд аз нахустин дархости Маркази миллии бюрои Интерпол дар Тоҷикистон дар бобати боздошт ва истирдоди айбдоршавандагон чандин сол мегузарад, то ҳанӯз ҳеҷ яке аз афроди мавриди ҷустуҷӯ боздошт нашудааст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов чанде пеш дар нишасти хабарияш дар шаҳри Душанбе иқрор кард, ки то ҳанӯз ҳеҷ яке аз дархостҳои Душанбе дар мавриди боздошт ва истирдоди айбдоршавандагон аз тарафи ҳамкорони Тоҷикистон дар созмони Полиси байнулмилалӣ ба иҷро нарасидааст.
XS
SM
MD
LG