Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Бунёди Арал аз Созмони Милал


Бо ташаббуси намояндагии Тоҷикистон ва пуштибонии намояндагиҳои чаҳор кишвари боқимондаи минтақа -- Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню Йорк нишасти вижа бахшида ба муаррифии бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал баргузор гардид. Дар бораи ҳадафи ҳамоиш ва зарурати ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеъаи байналмилал ба мушкилиҳои минтақаи баҳри Арал иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроии Бунёди наҷоти баҳри Арал Султон Раҳимов гуфт, ки "мақсади асосӣ баррасии пешнависи қатънома бо дархости додани мақоми нозир дар назди маҷмаъи умумии СММ ба Бунёди наҷоти Арал аст.” Ин бунёд дар соли 1993 аз тарафи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафаш сармоягузории муштараки ин давлатҳо ба омӯзиши сабабҳои фоҷиаи Арал ва роҳҳои наҷоти он аст.
XS
SM
MD
LG