Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста – дар нимфинали сабқати Осиё


Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Австралия ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки дар Арабистони Саъудӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Инчунин ин дастаҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Дар бозиҳои чаҳорякниҳоии сабқати қитъавӣ Кореяи Ҷанубӣ бар Ҷопон бо ҳисоби 3:0, Аморати Муттаҳидаи Араб бар Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби 1:0, Узбакистон бар Чин аз рӯи пенолти бо ҳисоби 4:3 ва Австралия бар Кореяи Шимолӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ 11-уми ноябр Узбакистон бо Кореяи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб бо Австралия бозӣ хоҳанд кард.

Қаҳрамони футболи Осиё байни ҷавонон дар бозии ниҳоӣ 14-уми ноябр муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG