Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи таҳқиқи марги ғайринизомиёни афғон


Normal 0 Normal 0

Мақомоти Афғонистону низомиёни Амрико баъди таҳқиқе ба ин хулоса расидаанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ дар як рустои ҷанубии Афғонистон, 37 ғайринизомӣ кушта ва 35 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳамла ҳафтаи гузашта сурат гирифт ва низомиёни Амрико мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб аз рустои Вех Боғту дар вилояти Қандаҳор ба нерӯҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ ҳамла карданд, аз ин сабаб мардуми осоиштаи русто ҳам талаф ёфтанд. Сокинони рустои мазкур ба гурӯҳи таҳқиқотӣ гуфтаанд, ки ҷангҷӯёни Толиб ба хонаҳои мардум ворид шуда ва аз онҷо ба тарафи гурӯҳи гаштзании нерӯҳои эътилофӣ ва маҳаллӣ тир меандохтанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, аз раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама хостааст, то ба ҳалокати мардуми бегуноҳ хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG