Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама фавран ба бӯҳрони аслӣ расидагӣ мекунад


Барак Обама – раиси ҷумҳури тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, баъди расман пазируфтани ин мақом дар моҳи январ "фавран" ба масъалаи бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвараш расидагӣ хоҳад кард. Дар нахустин нишастии хабарии баъди пирӯзиаш дар интихоботи рӯзи сешанбе чаҳоруми ноябр, Барак Обама ҳамчунин гуфт, бӯҳрони молӣ дар саросари ҷаҳон паҳн мешавад ва аз ин хотир вокуниши ҷаҳониро талаб мекунад. Вай дар посух ба суоле роҷеъ ба Эрон гуфт, талоши ин кишвар барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ «ғайриқобилиқабул” аст ва Эрон бояд “ҳимоят аз созмонҳои терористиро” хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG