Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ба дарозо кашидани созиши Ховари Миёнаро эътироф кард


Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс аввалин бор иқрор кард, ки Исроил ва фаластиниҳо мумкин аст, то поёни даври раёсатҷумҳурии Буш дар моҳи январ ба созиш нарасанд. Райс имрӯз бо сафари чаҳоррӯза ба Ховари Миёна омад ва ин нуздаҳумин сафари ӯ ба ин ҷо дар ду соли охир аст. Вай қарор аст аз, Исроил, қаламравҳои фаластинӣ, Урдун ва Миср дидан ва дар нишасти Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна мураккаб аз Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Русия ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG