Пайвандҳои дастрасӣ

Осори бӯҳрони молӣ, ки аз гиребони ҷаҳон сахт гирифта ва “сар медиҳаду намедиҳад сар”, ба вижа дар бозори фурӯши мошин хеле басароҳат эҳсос мешавад. Дар моҳи октябр фурӯши мошинҳои нав дар Амрико, бузургтарин бозори фурӯши мошин дар дунё, 25 дарсад поин рафт, ки аз моҳи феврали соли 1983 ба ин сӯ собиқа надоштааст.

Зимнан, бароварди маркази таҳқиқотии “Аutodata” боз ҳам бадтар аст. Ба ҳисоби “Аutodata”, мизони фурӯши мошинҳои нав дар бозори Амрико 31 дарсад коҳиш ёфта, дар муқоиса бо 1 200 000-и октябри соли гузашта дар октябри соли ҷорӣ дар Амрико ҳамагӣ 838 156 мошин ба фурӯш рафтааст. Ин муассиса вазъи бади пешомада дар бозори мошини Амрикоро аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта ва гузашта аз он, ҳатто аз поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ, бесобиқа мехонад.

Дар моҳи октябр фурӯши мошинҳои сохти ширкати “General Motors” дар бозори Амрико 45 дарсад, “Ford” – 30, “Chrysler”- 35 ва фурӯши мошинҳои сохти ширкатҳои ҷопонии “Тоyota”, “Hоnda” ва “Nissan” дар Амрико аз 25 то 33 дарсад поин рафтааст.

Бозори тиҷорати мошинҳои ҷадид дар саросари Аврупо низ рӯ ба ақиб оварда, масалан, дар моҳи октябр дар Испания 40 ва дар Итолиё 19 дарсад поин рафтааст. Ширкати мошинсозии “Шкода”-и Ҷумҳурии Чех, ки мехоҳад дар поини сол ба далели поин рафтани мизони фурӯши маҳсулоташ тавлиди мошинро барои 2 ҳафта мутаваққиф созад, гуфтааст, ба айни мушкил дар бозорҳои дар ҳоли рушди дунё низ рӯбарӯ шудааст ва фаъолияти корхонаҳояш дар Чину Ҳиндро низ муваққатан қатъ мекунад.

Ширкатҳои немисии BMW, Volksvwagen ва Mercedes низ дар бораи коҳиши фоидаи фаъолиятҳои худ хабар дода, гуфтаанд, акнун маҷбуранд, тавлиди мошинро кам кунанд. Аз ҷумла, BMW, ки фоидааш дар семоҳаи ахир назар ба пешбинӣ 60 дарсад камтар шуда, танҳо наздики ним миллиард долларро ташкил додааст, мегӯяд, тавлидоти солонаашро 5 дарсад, яъне то 65 000 адад мошин поин хоҳад бурд. Аз байни ширкатҳои олмонӣ танҳо Audi, ширкати марбут ба хонаводаи Volksvwagen тавонистааст, ба далели ҳузури ночизаш дар бозори Амрико тавлиди мошинҳояшро дар семоҳаи ахир 9 дарсад биафзояд.

Марк Ланёв, мудири бахши фурӯшоти “General Motors”, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико расво шудани бозори вомро, ки ба кулли соҳоти иқтисод ва ҳамин тавр, ба қобилияти харидориии мардум сахт асобат кард, иллати аслии фурӯпошии бозори мошинфурӯшии Амрико меномад. “General Motors” иқрор мекунад, ки фурӯши маҳсулоташ аз даврони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин тараф ба чунин андоза поин нарафта буд.

“General Motors” дар моҳи октябр 170 585 мошини навашро ба фурӯш зада, дар бозори Амрико ҳамчунон дар мақоми аввал қарор дорад. Вале ба назари ағлаби таҳлилгарон, рақиби аслиии GM, ширкати ҷопонии ”Toyota”, ки дар моҳи гузашта дар Амрико 152 1001 мошин фурӯхтааст, ба эҳтимоли ғолиб дар ниҳоят дар ин бозор аз рақибаш пеш хоҳад гузашт. Ва аммо чӣ пирӯзии талх!

“Тоyota”, ки дар ҳоли ҳозир бузургтарин ширкати тавлидкунанда ва фурӯшандаи мошин дар тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад, ахиран эътироф кард, ки дар амри иҷрои нақшаи солонааш, ки ба фурӯш задани 9,5 миллион мошин ва ба даст овардани 12,6 миллиард доллар фоида буд, ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Ва пеш аз ҳама ба далели кунд шудани ҳаҷми фурӯши анвоъи умдаи мошинҳои сохти ин ширкат, назири “Lexus”, “Camry” ва “Corolla” дар бозори Амрико.

Ва аммо дар ҳоле ки бозори мошинфурӯшии дунё дучори чунин расвоӣ шудааст, авзоъ дар мошинфурӯшиҳои Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Суннатулоҳ Мирзоев, як соҳибкори тоҷик, ки аз Дубай ба Душанбе мошин ворид мекунад, мегӯяд, акнун ки раванди бозгашти муҳоҷирин аз Русия такмил мешавад, интизор ин аст, ки фурӯши мошин дар бозорҳои Тоҷикистон боз ҳам боло хоҳад рафт. Мусоҳиби мо мегӯяд, боҷу хироҷи гумрукӣ дар Тоҷикистон тағйир накарда, вале ба маҳзи афзоиши масрафоти дигар, аз ҷумла масрафи роҳ аз Дубай то Душанбе, қимати мошин дар бозори Тоҷикистон дар ин авохир боло рафтааст.

Бино ба омори расмӣ, дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 72 000 мошин ворид шудааст. Идораи гумруки вилояти Бадахшон мегӯяд, танҳо тавассути гузаргоҳи Қулма дар 6 моҳи охир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон беш аз 4200 мошини мусофирбари “Тангем” ворид кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аксари ширкатҳои маъруфи мошинсозии дунё дар баробари поин бурдани мизони тавлидот ҳамчунин қасд доранд ҷиҳати поин бурдани нархҳо низ иқдом кунанд. Ба назари коршиносон, ҷанги нархҳо дар бозори мошин ва набардҳои шадидтаре барои муштарӣ дар ин бозор ҳанӯз дар пеш ҳаст. Ҷанге, ки дарсади фоида аз фурӯши ҳар мошинро барои ширкатҳо, албатта, камтар мекунад, вале яқинан ба нафъи муштарист. Таҳлилгарон мегӯянд, кам шудани арза дар бозор, поин рафтани нархҳо ва муҳимтар аз ҳама, уфти башиддати нархи маводи сӯхт метавонад ба бозори дар ҳоли ҳозир рокиди мошин нафаси тоза бидиҳад ва дар бадани ниммурдаи ин бозор ҷони дубора бидамад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG