Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошинбозори Душанбе: Аз "Запорожец" то "Мерс-600"


Таи ду ҳафта аст, ки мошинбозор дар пойтахт ҳафтае 5 рӯз, яъне шурӯъ аз рӯзи панҷшанбе то якшанбе давом мекунад. Ва теъдоди сабукравҳои дар фурӯш гузошта шуда ҳам хеле зиёд гашта, ҳатто аз майдони бозор ба масофаи 100 метр берун омадааст. Ба бозори калони мошини кишвар ҳамарӯза беш аз 3 ҳазор мошинҳои сабукрав ворид шуда, ба гуфтаи тоҷирон, дар рӯзҳои хеле сард агар баъзан 10 сабукрав ба фурӯш равад, дар дигар рӯзҳои офтобӣ ҳудудан то 100 мошин харидорӣ мешавад. Дар ин бозор ҳама намуди мошинҳои сабукрав ҳам сохти замони Шӯравӣ ва ҳам мошинҳои ҷадиди хориҷиро пайдо кардан мумкин аст. Ба гуфтаи Диловар, як тоҷири бозори мошини пойтахт, ҳоли ҳозир, мошинҳои тамғаи «Опел - астра», «Некси» ва «Мерседес»-у «Максима» харидори зиёд доранд.

«Бештар мошинҳои хориҷаро мехаранд, ки нархҳояшон арзонтар аст. Арзонтаринаш 3 ҳазор доллар, нағзҳояш то 6 ҳазор доллар. «Мерседес»-ҳои навтар аз ҳашт ҳазор болотаранд, то 12 -13 ҳазор доллар. «Ҳундайо» ҳам аз 8 боло. «Максима» 7-8 ҳазор доллар ва навтарашро дар 15 ҳазор доллар ҳам ёфтан мумкин аст. »

Таи ин 2 ҳафтаи ахир ҳамчунин баҳои мошин дар кишвар поин рафтааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ қабл бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди мошинҳои кӯҳнаву фарсуда ба ҳудуди кишвар боҷи гумрукиро барои сабукравҳои беш аз панҷ сол истифодашуда боло бурда буд ва чун воридоти ин гуна мошинҳо, ки нархи дастрас доранду дар шароити Тоҷикистон серхаридоранд, бештар аст, ин боиси афзудани баҳои мошин дар бозорҳо гашта буд.

Ва аммо тоҷирони мошин имрӯз мегӯянд, ҳарчанд арзиши боҷи гумрукӣ барои ворид кардани мошинҳои сабукрав то 200 доллар боло рафтааст, аммо баҳои мошин қариб аз 400 то 1000 доллар арзонтар гаштааст, зеро ба гуфти бархе аз соҳибкорони ин соҳа, вуруди васоили нақлия дар ин авохир ба кишвар хеле зиёд гаштааст. Ва ҳарчанд аксари соҳибкорон ё шахсони алоҳида мегӯянд, дар ҳоли ҳозир аз фурӯши мошинҳои худ ба ҷои манфиат зарар мебинанд аммо, чун аз ин ҳисоб рӯз мегузаронанд маҷбуранд моли худро ба савдо гузоранд.

Ғолибан боло ва поинравии баҳои моширо иқтисодшиносон дар сафари муҳоҷирони корӣ аз кишвар ва ё ба бозгашти онҳо ва дар пайдо шудани имкони харидории шаҳрвандон вобаста медонанд. Наврӯз, як соҳибкори ин соҳа ҳам иллати дар ин муддат нисбатан паст рафтани нархи мошинро чунин шарҳ медиҳад:

«Барои он арзон шудааст, ки бачаҳое, ки аз Русия омада мошин гиирфта буданд, хай бо ҳоло пул даркор ба онҳо, ки баргарданд ба Русия ва маблағ, ки надоранд боз мошинҳоро фавран ба маблағи арзонтар фурӯхта ба ҷои корашон бармегарданд»

Аксаран, мошинҳои сабукрав ба хоки Тоҷикистон аз кишварҳои назди соҳили Балтик ва Куриёи ҷанубиву Олмон ворид мешаванд. Бояд гуфт, дар соли 2006 танҳо дар қаламрави вилояти Суғд 28 ҳазору 896 адад мошинҳои хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2005 беш аз ду маротиба зиёд будааст. Вале ба гуфти бархе аз соҳибназарон, бо вуҷуди зиёд шудани миқдори вуруди мошинҳо ба кишвар баҳои сабукравҳо ҳамоно барои аксари сокинони кишвар дастнорас боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG