Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандии Гуантанамо ба Қазоқистон баргашт


Як шаҳрванди Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта аз боздоштгоҳи Гуантанамо, воқеъ дар ҷазираи Куба, раҳо шуд, ба ватан баргаштааст. Сафири ИМА дар Қазоқистон Ричард Ҳоугланд дар сӯҳбат бо бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки Долкун Каримбоқиев озод шудааст ва дигар ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар дар Гуантанамо нигаҳдорӣ намешавад. Куллан дар Гуантанамо чаҳор шаҳрванди Қазоқистон боздошт ва нигаҳдорӣ шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё баъди бозгашт ба ватан Каримбоқиев озод мешавад ё бо иттиҳомоте дар баробари додгоҳ ҷавобгӯ хоҳад шуд. Вай октябри соли 2001 аз ҷониби нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт шуд. Аҳли хонаводаи вай мегӯянд, ки вай он солҳо барои таҳсил ба Покистон рафта буд.
XS
SM
MD
LG