Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Ширин Ибодӣ ба қонуни кайфарии Эрон


Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ширини Ибодӣ қонуни кайфарии кишварашро нисбати занон ноодилона номид. Вай дастури қонунро, ки шоҳидии ду занро ба шоҳидии як мард баробар мекунад, тасфири нодурусти шариати исломӣ номид, ки аз фарҳанги падарсолорӣ маншаъ гирифтааст. Порлумони Эрон дар моҳи сентябр фаслбандиҳои қонуни кайфариро ба тасвиб расонд ва қонуни соли 1982-ро иваз кард. Бандҳои ҷазо бо тозиёна ва қатл барои ҷиноятҳои гуногун дар ин қонун низ зери танқиди шадид мебошанд.
XS
SM
MD
LG