Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ дар 7 бамгузорӣ 13 нафар кушта шуд


Имруз дар натиҷаи инфиҷори 7 бам дар Бағдод-пойтахти Ироқ 13 нафар кушта, 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар яке аз чунин инфиҷорҳои шадид 7 нафар кушта, 18 нафар захмӣ шудаанд. Ин бам дар қисмати шарқии Бағдод дар маҳале бо номи Маштал мунфаҷир шудааст. Хушунатҳо дар чаҳор соли ахир ба поинтарин нуқтаи худ расидааст, вале тақрибан ҳар руз дар ҳамлаҳо касе кушта мешавад.

XS
SM
MD
LG