Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо ва масъалаи ҳиҷоб


Шӯрои уламои исломӣ аз бонувон хоҳиш кардааст, то аз сару либоси исломии истеҳсоли хориҷӣ даст кашида, либоси миллии тоҷикӣ ба бар кунанд.

Ба иддаоъи ин марказ, сарулибоси исломие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба меъёрҳои исломӣ ҷавобгӯ набудааст. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои исломии кишвар мегӯяд:

«Ман дар ҷаласа ширкат накарда будам, аммо дигар имом-хатибҳо ва домуллоҳо ширкат доштанд. Аз ҷумла, муфтии Тоҷикистон ширкат дошт ва пешниҳод кард, ки бигзор духтарҳои тоҷик либоси миллӣ пӯшанд. Шӯрои уламо зидди сатрҳое аст, ки ба стандартҳои исломӣ ҷавобгӯ нестанд. Бархе аз ҳиҷобҳо чунон ҷафс ҳастанд, ки бадани онҳо намоён мешавад ва албата ин ба шариати исломӣ мувофиқ нест. Мо дар ҳамаи ҷаласаҳо мегӯем ва тарафдори он ҳастем, ки бигзор духтарон ва модарони тоҷик либоси миллии тоҷикӣ пӯшанд.”

Бархе аз коргарони мағозаҳои марказии шаҳр мегӯянд, роҳбарон онҳоро маҷбур месозанд, ки бидуни ҳиҷобу сатр ба кор биоянд. Фурӯшандаҳо ва тоҷирон, ки дар мағозаҳои маркази шаҳр кор мекунанд, мегӯянд, намояндагони мақомот ба фурӯшгоҳҳо омада, ҳушдор додаанд, ки бо сатр ва ҳиҷоб ба кор наоянд. Як зани тоҷир, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар ин бора гуфт:

“Як бор омаданд ва гуфтанд, ки ин тавр рӯмолата набанд, ин рӯмоли тоҷикӣ нест. Баъд онҳо суол карданд, ки кӣ туро маҷбур кард? Ман гуфтам, ҳеҷ кас, ба худам маъқул, худам бастам. Онҳо гуфтанд, дар корхонаҳои давлатӣ сатр пӯшидан мумкин нест.”

Фурӯшандаи дигаре дар мағозаи «Варзиш» гуфт:

“Ба мо гуфтанд, ки давлати исломӣ нест, ин сатрҳоро кашед.”

Масъулини дастгоҳи раисҷумҳурӣ аз ин гуна маворид изҳори беиттилоӣ карданд. Вале мусоҳибони мо мегӯянд, онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар ҷои кори худ бидуни ҳиҷоб ва бо либосҳои миллӣ ба кор биоянд. Занони сатрпӯш суоле медиҳанд, ки чаро дар ҷумҳурие, ки худро демократӣ ва дунявӣ эълом кардааст, озодиҳои маънавӣ маҳдуд мешавад? Муҳаммад - як фурӯшандаи дигар:

“Ба ҳама аз боло фишор меоранд, ки ҳиҷобҳоро кашед. Мегӯянд, мо мусалмонем, аммо дар ҳама ҷо дискотекаҳо ва дигар ҷойҳои маишат боз аст.”

XS
SM
MD
LG