Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Петреус ва Боучер бо Чаудрӣ Аҳмад Мухтор


Генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи ҷадиди ситоди марказии артиши Амрико, ки масъулияти фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистонро низ бар ӯҳда дорад, нахустин сафараш дар ин мақомро ба Покистон анҷом медиҳад. Вазири дифоъи Покистон Чаудрӣ Аҳмад Мухтор дар мулоқот бо Петреус ва Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико, изҳори нигаронӣ кард, ки ҳамлаҳои мушакии Амрико дар дохили Покистон мунҷар ба бурузи хушунатҳои ҷавобӣ шуда, талошҳо ба хотири фурӯ нишондани ифротгароиро замин хоҳад кард. Петреус ва Боучер дар пайи дидори Исломобод дар Пешовар бо фармондеҳони маҳаллие, ки алайҳи чирикиҳо меҷанганд, мулоқот карда, сипас ба Афғонистон хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG