Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Григол Мгалоблишвилӣ - нахуствазири нави Гурҷистон


Парлумони Гурҷистон бо таъини дипломати собиқадор Григол Мгалоблишвилӣ ба симати нахуствазири ин кишвар мувофиқат кард. Раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, ки иқдоми мазкур қадаме пеш барои шурӯи ислоҳот мебошад. Парлумони иборат аз аксар вафодорони Саакашвилӣ розӣ шуд, ки дипломати таҳсилкардаи донишгоҳи Оксфорд ва ҳафтае пеш сафири Гурҷистон дар Туркия Мгалоблишвилии 35-сола ба ин мақом баргузида шавад. Парлумон гуфтааст, ки дар пайи мухолифатҳои мусаллаҳонаи моҳи августи имсол бо Русия ва дар шароити амиқрафти бӯҳрони молӣ ҳукумат ба энержии тоза ва як ислоҳот ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG