Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс дар тавсеаи нирӯҳои НАТО мутмаин нест


Вазири дифои ИМА Роберт Гейтс гуфт, вай мутмаин нест, ки муттафиқони онҳо дар паймони НАТО барои муқобила бо ситезаҷӯён дар Афғонистон нирӯҳои бештарро сафарбар кунанд. Гейтс, ки аз оғози таъйиншавиаш ба ин мақом дар декабри соли 2006 хостори ирсоли нирӯҳои бештар ба Афғонистон шудааст, гуфт, ИМА эҳтимолан 10 ҳазор нирӯи изофагиро дар ин кишвар мустақар хоҳад кард. Феълан дар қаламрави Афғонистон 32 ҳазор сарбози амрикоӣ хизмат мекунанд. Гейтс афзуд, ки нирӯҳои амниятии посдори сулҳ бояд ҳар чи зудтар тавсеа ёбанд, то ин ки даргириҳои Афғонистон чун як "ҷанги Амрико" арзёбӣ нашавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG