Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус 2 миллиард доллар қарзи дигар меҷӯяд


Беларус мегӯяд, ба хотири дарёфти 2 миллиард қарзи Сандуқи байналмилалии пул бо ин ниҳоди молӣ вориди музокирот шудааст. Василий Матюшевский, муовини раиси Бонки марказии Беларус гуфт, ин маблағ оҷилан лозимашон нест, вале Минск мехоҳад ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ эҳтимол дар ҷараёни бӯҳрони молӣ як маблағи эҳтиётӣ дар даст дошта бошад. Русия низ ҷиҳати ироаи 2 миллиард доллар қарз ба Беларус ваъда супурда, вале то ҳол дар ин замина қарордоде имзо накардааст.
XS
SM
MD
LG