Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико дар Димишқ баста шуд


Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Сурия имрӯз дарҳои худро баст, зеро бими ин мавҷуд аст, ки эътирозҳои аз тарафи давлат тасвибшудаи зиддиамрикоӣ дар Димишқ метавонанд ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёбанд.

Суриёниҳо мегӯянд, аз амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави кишварашон дар якшанбеи 26-уми октябр дар хашманд. Бар асари ин ҳодиса ҳашт сокини як маҳалли бо Ироқ ҳаммарзи Сурия кушта шудаанд, ки дар байни онҳо кӯдакон ҳам ҳастанд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо аъзои оилаи як бинокор ва як посбони шабона будаанд, ки дар сохтмоне кор мекардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Сурия, нерӯҳои амрикоӣ бе ҳеҷ сабаб ҳамла карданд.

Вошингтон ҳанӯз расман дар бораи ҳодиса иттилоъ надодааст, аммо бархе аз мақомоти Амрико ба таври хусусӣ ҳамлаи чаҳор чархболи Иёлоти Муттаҳидаро ба Сурия тасдиқ карда, сарвари минтақаии ал-Қоидаро ҳадафи он номидаанд. Онҳо мегӯянд, сарбозони амрикоӣ бо ашхоси мусаллаҳ вориди даргирӣ шуданд ва дар он сарвари ал-Қоида бо номи Абу Ғадия кушта шудааст.

Абу Ғадия, ки ҳамчунин бо номи Бадран Туркӣ Ҳишам ал-Маҷид низ маъруф аст, хеле дер боз аз тарафи Вошингтон ҳамоҳангсози қочоқи мусаллаҳон ва сармоя ба Ироқ дониста мешавад. Мақомоти Амрико дар моҳи феврали соли равон ӯро яке аз чаҳор саркардагони ал-Қоида дар Сурия номидаанд. Биноан, мақомоти Амрико хавф доранд, ки тазоҳурот дар Сурия бо сабаби марги Абу Ғадия метавонад, хеле тезутунд бошад.

Кошиносон мегӯянд, бо ин ҳамлаи кӯтоҳ Вошингтон ба Димишқ паёми сангине дод, ки ба таъсиси паноҳгоҳҳои амни ал-Қоида дар хоки Сурия роҳ нахоҳад дод. Эндрю Кордесман аз Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байнулмилалии Вошингтон мегӯяд, дар ҳоле ки Амрико нерӯҳояшро аз вилояти Анбари Ироқ ва тамоми ғарби ин кишвар берун мекашад, таъмини ошӯбгарон аз тариқи Сурия ба мушкили ҷиддӣ табдил меёбад. Дар ҳоли ҳозир, ин масире мебошад, ки ба воситаи он ҷангҷӯён, омӯзгорони ҳарбӣ, пул ва таҷҳизот вориди ғарби Ироқ мешавад ва ба камияш афроду таҷҳизот дар бомбгузориҳои густардае истифода мешавад, ки ал-Қоида дар саросари Ироқ барпо мекунад, то вазъи кишварро ба ҳам занад.

Кордесман мегӯяд, Вошингтон аз соли 2003 ба ин сӯ Сурияро ҳушдор медод, ки масирҳои имдод ба ошӯбгарон дар Ироқро қатъ кунад.

Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон низ чандин бор дар Покистон амалиёт анҷом додаанд ва ба махфигоҳҳое дар Яману Сурия зарба задаанд. Аммо ҳодисаи Сурия бо он фарқ дорад, ки дар гармогарми даргирӣ ба вуқӯъ напайваста, хеле рӯшан аст ва моҷаро ба бор овардааст. Он ҳам дар ҳоле ки ба қавли ҳарбиёни амрикоӣ қочоқ аз Сурия ба Ироқ моҳи гузашта қариб 80 дарсад коҳиш ёфта буд. Ин ҳодиса сабаби нигаронии Эрон низ шудааст, ки Амрико онро дар таълим ва таъмини ошӯбгарони шиъа айбдор мекунад.

Аммо маълум нест, оё Вошингтон ҳадаф дорад, бо муъаррифии ин сиёсат вориди рӯёрӯии шадидтар бо Теҳрон шавад. Ва ин ҳам дақиқ нест, вокуниши Сурия, ки асосан омодаи ҳамкорӣ бо Амрико буд, ба кадом самт фаротар аз эътироз хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG