Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи нафт боло рафт, қурби доллар пойин омад


Тасмими Бонки марказии Амрико дар мавриди ба ҳадди тайи солҳои охир бесобиқаи 1 дарсад пойин бурдани фоизи баргаҳои вом боиси боло рафтани нархи нафт ва коҳиш ёфтани қурби доллар дар муқобили соъир асъори муҳим шуд. Арзиши бушкаи нафт дар Ню-Йорк 4,77 доллар боло рафта, ба 67,5 доллар расид. Вале қурби доллари амрикоӣ пойин омад ва дирӯз 1 евро баробари 1 доллару 28 сент ба фурӯш мерафт. Дар ҳамин ҳол, вазорати дороии Амрико гуфт, 9 бонки тиҷоратиро ба маблағи 125 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, Citigroup, JP Morgan Chase ва Wells Fargo ҳар кадом 25-миллиардолларӣ, Bank of America – 15 миллиард ва Merrill Lynch 10 миллиард доллар дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG