Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод гуфтушунид бо Вошингтонро аз сар мегирад


Ҳукумати Ироқ аз сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ хост, ки музокирот бо ИМА дар мавриди идомаи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишварро аз сар бигирад. Раҳбарони ироқӣ чанд тағйиру илова ба тарҳи созишро ҳамоҳанг сохтанд, ки онҳоро Ал-Моликӣ бояд ба ҳайати ИМА пешниҳод кунад.

Ҳафтаи гузашта хабар дода шуда буд, ки тарҳи созиш дар бораи будубоши низомиёни амрикоӣ дар Ироқ баъд аз 31 декабри соли равон, яъне баъд аз хатми мандати СММ аз сӯи Бағдод ва Вошингтон ҳамоҳанг шудааст. Ва аммо баъдан бархе аз нерӯҳои сиёсии Ироқ талаб карданд, ки ба тарҳи санад тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Дар бораи мӯҳтавои ин тағйирот ҳанӯз иттилоъе зери даст нест.

XS
SM
MD
LG