Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи "Ҷиргаи хурд" дар Исломобод


Имрӯз дар Исломобод нишасти раҳбарони сиёсии Покистону Афғонистон ва сарони қабоили паштун поён меёбад. Дар ин, ба истилоҳ, “Ҷиргаи хурд”, ки дирӯз ифтитоҳ шуд, масоили марбут ба пайдо кардани роҳҳои хатми хушунат дар манотиқи марзии ду кишвар ва имкони музокирот бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” баррасӣ мешаванд. Гуфта мешавад, ки маҳз толибон дар қаламрави ду кишвар амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Нишасти Исломобод – идомаи “Ҷиргаи бузурги сулҳ” аст, ки соли гузашта дар Кобул доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG