Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия хостори расидагӣ ба "таҷовуз" шуд


Сурия ҳодисаи вуруди нерӯҳои амрикоиро аз Ироқ ба қаламрави худ як амали амдӣ номид ва маҳкум кард. Вазири умури хориҷии Сурия, Валид Ал-Муаллим имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Лондон гуфт: "Чаҳор чархболи амрикоӣ аз Ироқ марзро убур карданд. Дар ҳашткилометрии дохили Сурия ду чархбол фуруд омад. Дуи дигар онҳоро аз ҳаво ҳимоят мекарданд. Сарбозон аз чархболҳои нишаста берун омада, ба тирандозӣ сар карданд." Сухангуи сафорати Сурия дар Лондон гуфт, ҳодиса дар меҳвари гуфтушуниди вазирони умури хориҷии Сурия ва Бритониё қарор хоҳад дошт. Иёлоти Муттаҳида ин хабарро на тасдиқ кардааст ва на рад. Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ ал-Даббоғ гуфт, ҳамла манотиқеро ҳадаф гирифт, ки ошӯбгарон аз он ҷо ба Ироқ ҳамла мекарданд.
XS
SM
MD
LG