Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди шоҳзодаи Бритониё аз Тоҷикистон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзодаи Бритониё, писари дувуми малика Элизабет, гертсоги Йорк Эндрю Эдвард, муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Бритониёро баррасӣ карданд. Шоҳзодаи бритониёӣ изҳор дошт, ки равобит бо Тоҷикистон барои кишвараш муҳим аст ва Бритониё дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Президент Раҳмон ба гертсог барои имдоди Бритониё ба мардуми Тоҷикистон дар зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд. Сафари шоҳзода дар силсилаи боздидҳои ӯ аз Украин, Қирғизистон, Туркманистон ва Чин ба амал омадааст. Вай дар Душанбе бо ҷавонон мулоқот ва аз зиндагии мардум дар ноҳияи Варзоб дидан кард.
XS
SM
MD
LG