Пайвандҳои дастрасӣ

Бартери биринҷи Таиланд ва нафти Эрон



Таиланд, бузургтарин содиркунандаи биринҷ дар ҷаҳон нақша дорад, биринҷи худро ба шеваи бартер бо нафти Эрон иваз кунад. Вазири тиҷорати Таиланд, Шайя Самосаб, ба хабарнигорон гуфт, бо ин ният мақомоти аршади Таиланд дар нимаҳои моҳи ноябр ба Теҳрон сафар мекунанд. Эрон яке аз калонтарин харидорони биринҷи Таиланд буда, солона наздик ба 600 ҳазор тоннаи ин биринҷро мехарад.
XS
SM
MD
LG