Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лои Сом таҳти назорати ҳукумат қарор гирифт


Артиши Покистон эълом дошт, ки шаҳри Лои Сом, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Афғонистонро таҳти назорати худ қарор додааст. Ин шаҳр моҳи август аз сӯи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат тасарруф шуда буд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, тайи ду моҳи ахир дар набардҳо дар ин минтақаи ғарбии кишвар беш аз яку ним ҳазор ошубгарон кушта шуданд. Талафоти нерӯҳои ҳукуматӣ 172 сарбоз ҳисоб шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо беш аз 300 сарбози хориҷӣ асир уфтодаанд.
XS
SM
MD
LG